Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон нисбати 40 расона, аз ҷумла ҳафтаномаи "СССР" санҷиш анҷом дода, онҳоро дар риоя накардани қоидаҳои Қонуни забони давлатӣ айбдор кардааст.
Ин кумита айбномаи худро дар нисбати ҳафтаномаи "СССР" барои чораҷӯӣ ба Додситонии куллӣ Тоҷикистон ироа карда, хостори ситонидани ҷарима аз ин нашрия шудааст.
Гавҳар Шарофзода, раиси ин кумита рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар маҷмӯъ беш аз 40 нашрия, асосан ғайриҳукуматӣ ва маҳаллӣ ба риоя нашудани қоидаҳои забони давлатӣ айбдор шудаанд. Дар миёни нашрияҳое, ки Кумитаи забон ва истилоҳот аз онҳо ба додситонӣ шикоят бурдааст, ҳафтаномаҳои "Фараж", "Тоҷикистон", "Дунё", телевизонҳои "Тоҷикистон", "Душанбе", "Сафина" ва "Баҳоронистон" низ ҳастанд.
Гавҳар Шарофзода аз ҷумла дар мавриди нашрияи "СССР" гуфт, ки дар матлабҳои санҷидашуда истифодаи калимаҳои шевагӣ, истилоҳот аз забонҳои ғайр ва дар мукотибаи идораи ин нашрия риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ, ошкор шудааст. Ба унвони мисол, хонум Шарофзода истифодаи калимаи "Ихволул-СССР" дар ин нашрияро зикр кард. Ҳамчунин вай гуфт, ки нашрия номаҳои хонандагонашро бидуни таҳрир ба шеваи ба гуфтаи ӯ "кӯчагӣ", нашр мекунад.
Сайёфи Мизроб, муассис ва сардабири нашрияи "СССР" дар посух ба ин иддао гуфт, ки номаи кумита моҳи апрели соли гузашта буд, вале дар ин мактуб дар бораи пешбинии ҷарима ҳарфе гуфта нашудааст. Вай афзуд, ки масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот дар номаи худ худдорӣ аз истифодаи калимаҳои шевагӣ ва русиву ғайрро тақозо карда буданд.
Сайёфи Мизроб чунин иддаоҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ғайривоқеӣ дониста, афзуд "агар хонум Шарофзода чунин мутахассиси хуби забон бошад, омода ҳастам ҳамарӯза қабл аз оғози кор 45 дақиқа дарси забони давлатӣ аз сӯи роҳбари кумитаро бишнавам".
https://www.ozodi.org/a/29767574.html